00:50 18 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Снег в Душанбе, архивное фото

Ҳушдори КҲФ: 4 рӯз дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор ва барфу борони зиёд мешавад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
35701

Аз 2 то 6-уми ноябр дар Тоҷикистон ҳавои ноустувор боқӣ монда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти борону барф ва дар навоҳии кӯҳӣ боришоти бошиддати барфу борон дар назар аст

ДУШАНБЕ, 2 ноя — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон ба шаҳрвандону меҳмонони кишвар ҳушдор додааст, ки 4 рӯзи ахир дар Тоҷикистон ҳаво ноустовор мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, аз 2 то 6-уми ноябр боришоти зиёд дар назар аст. Дар баъзе аз ноҳияҳо барфу борон меборад ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боришоти зиёди борону барф пешбинӣ карда мешавад.

Кумита аз сокинон хоҳиш мекунад, ки дар ин рӯзҳо аз сафар кардан тариқи роҳҳои хатарнок ва мушкилгузар худдорӣ кунанд, мошинҳои худро омода созанд, пеш аз сафар мошинҳои худро занҷирпеч карда, аз муоинаи техникӣ гузаронанд. Ҳангоми ҳаракат дар роҳ қоидаҳои роҳро ҷиддан риоя кунанд. Ба сокинони минтақаҳои кӯҳӣ тавсия дода мешавад, ки дар ин рӯзҳо аз чаронидани чорво, ҷамъоварии ҳезум ва шикор худдорӣ кунанд.

Дар километри 62-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ (дар ноҳияи Айнӣ) постгоҳи навбатдорӣ ташкил карда шудааст, ки корафтодагон метавонанд муроҷиат кунанд.

Дар ин рӯзҳо, дар километри 165 то 173-уми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ аз самти Хуҷанд ва дар километри 165 то 286-уми шоҳроҳ аз самти Душанбе яхбандиву резиши барфи зиёд дар назар гирифта шуда, ҳаракати нақлиёт мушкил мегардад.

Дар ҳолатҳои фавқуллода сокинон метавонанд тариқи рақамҳои (8-34-22)-5-15-55, 93-880-28-57 ба Раёсати навбатдории шабонарӯзии кумита муроҷиат кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ