Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара рафт

© пресс-служба Президента РТСафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара
Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон сафар кард

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Субҳи имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар ба ноҳияи Данғара рафт, иттилоъ додааст дафтаи матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба гуфтаи манбаъ, раисҷумҳурро дар фурудгоҳи ноҳияи Данғара, мардуми ноҳия бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” иштирок намуд.

Боздид аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, иштирок дар Фестивали Оши палав, Иди асалу харбуза ва Шириниҳои миллӣ дар Қасри Арбоб 25.10.2018 - Sputnik Тоҷикистон
Понздаҳ лаҳзаи ҷолиби сафари Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд

Бино бар иттилои манбаъ, ба кор андохтани навбати дуюми ин маҷмааи нассоҷӣ аз ҳисоби сармоягузории мустақим сурат гирифтаааст.

"Иқтидори истеҳсолии навбати дуюми маҷмааи нассоҷӣ наздик ба 15 ҳазор тонна коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли 12 ҳазор тонна ришта дар як сол буда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он қадами устувор дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин фароҳам овардани ҷойҳои зиёди кории нав арзёбӣ мешавад", - хабар додааст манбаъ. 

Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Чин бунёд шудааст ва дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Амрико, Италия, Швейтсария, Олмон ва Чин васлу насб гардидааст.

Маҳсулоти истеҳсолшуда дар маҷмааи нассоҷӣ имрӯзҳо ба Русия, Чин, Туркия, Беларус ва Қирғизистон содирот мешавад. Ҳамзамон корхонаҳои бофандагии мамлакатро бо ришта таъмин менамояд.

Ҳамзамон манбаъ таъкид намудааст, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ворид намудани таҷҳизоти истеҳсоливу инфрасохторӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар гардида, ҳамзамон барои бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин кардани корхона тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Озмуни харбузахӯрӣ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд - Sputnik Тоҷикистон
Резондӣ: шӯхӣ, доварӣ ва эроди Раҳмон дар озмунҳои Суғд (АКС)

Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати мамлакат ба мақсади таъмин намудани корхона бо пахтаи аълосифат қариб 15 ҳазор гектар замин ҷудо намудааст.

Ҳамчунин бо мақсади таъмини Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” бо ашёи хом дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Данғараи вилояти Хатлон корхонаҳои пахтатозакунӣ бунёд карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки марҳалаи аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта моҳи августи соли 2016 бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.

Тибқи маълумоти манбаъ, дар нуҳ моҳи соли 2018 дар ин маҷмааи нассоҷӣ зиёда аз 8 ҳазор тонна ришта истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта наздик ба 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ҳиссаи маҷмаа дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии кишвар дар давраи зикршуда 21 фоизро ташкил карда, дар муддати ду соли охир ба Чин қариб 13 ҳазор тонна риштаи пахта содирот намудааст.

Эмомали Рахмон принял участие в открытии нового дополнительного здания телевидения и радио Согда - Sputnik Тоҷикистон
ВИДЕОИ суҳбати ошкорои Раҳмон: аз таърифу сарояндаҳои зиёд то барномаҳо атрофи 1 шахс

Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” ба бунёди се корхонаи нав, аз қабили корхонаи истеҳсоли ришта бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол, рангубор ва истеҳсоли матоъ оғози расмӣ бахшид.

Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони марҳалаи навбатӣ зикр карда шуд, ки корхона дорои 4 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст.

Корхонаҳои нав моҳи сентябри соли 2021 ба истифода дода мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0