13:59 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи корхонаи Фарм Текс

Эмомалӣ Раҳмон: фаъолияти корхонаҳои саноати сабуки вилояти Хатлон қаноатбахш нест

© Пресс-служба Президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
415 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, ки аз ҳафт корхонаи саноатии вилоят, ки иқтидори лоиҳавии коркарди зиёда аз 26 000 тонна нахи пахтаро доранд, дар соли 2017 ҳамагӣ 6500 тонна ва соли равон 10 400 тонна риштаи пахтагин истеҳсол кардаанд

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи марҳалаи дуюми Маҷмааи истеҳсолии “Ҷунтай Данғара” корхонаи муосири ресандагӣ аз фаъолияти корхонаҳои саноати сабук дар вилояти Хатлон норозигӣ кардааст.

Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар додааст.

“Чунин вазъ талаб мекунад, ки роҳбарону масъулони соҳа дар ин самт чораҳои ҷиддӣ ва мушаххас андешанд”, - таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳафт корхонаи саноатии вилоят, ки иқтидори лоиҳавии коркарди зиёда аз 26 000 тонна нахи пахтаро доранд, соли 2017 ҳамагӣ 6500 тонна ва соли ҷорӣ 10 400 тонна риштаи пахтагин истеҳсол кардаанд.

Раисҷумҳур афзудааст, ки рушди саноати сабук, аз ҷумла соҳаҳои бофандагиву дӯзандагӣ, яъне коркарди ниҳоии ашёи хом аз самтҳои афзалиятноку ояндадори иқтисоди миллии Тоҷикистон ба шумор рафта, ба роҳ мондани фаъолияти мунтазами чунин корхонаҳо боиси бо молҳои саноатӣ таъмин шудани талаботи аҳолӣ, фароҳам омадани даҳҳо ҳазор ҷойи кор ва афзоиши буҷети давлат мегардад. 

“Бинобар ин, Ҳукумати кишвар барои рушди ин соҳа тамоми тадбирҳои заруриро андешида, пешрафти истеҳсолоти саноатӣ, алалхусус, соҳаи нассоҷиро минбаъд низ дастгирӣ менамояд”, - гуфтааст Президенти кишвар.

Инчунин вай гуфтааст, ки дар кишвар бунёди боз якчанд корхонаи пахтатозакунӣ бо иқтидори 80 ҳазор тонна дар як сол ба нақша гирифта шудааст.

Эмомалӣ Раҳмон, ба вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш додааст, ки якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ доир ба пурра бо ашёи хом таъмин намудани корхонаи “Ҷунтай Данғара”, азхудкунии заминҳои нав, зиёд кардани майдони кишти пахта ва  ба кор андохтани корхонаҳои нави пахтатозакунӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Корхонаи “Ҷунтай Данғара” дар як сол қариб 15 ҳазор тонна нахи пахтаро коркард карда, 12 ҳазор тонна ришта истеҳсол мекунад. Истеҳсолоти ресандагии корхона, дар маҷмӯъ, иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахтаро дар як сол дорад.

Тибқи маълумот дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ корхонаи “Ҷунтай Данғара”  зиёда аз 8 ҳазор тонна ришта истеҳсол кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ҳиссаи маҷмаа дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии кишвар дар давраи зикршуда 21 фоизро ташкил карда, дар муддати ду соли охир ба Чин қариб 13 ҳазор тонна риштаи пахта содирот намудааст.

Дар Тоҷикистон якчанд корхонаҳои нассоҷӣ фаъолият доранд, ки қисми зиёди маҳсулоти худро содирот мекунанд ва маҳсулоти онҳо аз ҷиҳати сифат ва нарх дар бозорҳои ҷаҳон ба рақобат тобовар мебошанд.

Танҳо дар соли 2017 ба кишвар дар ҳаҷми қариб 700 миллион сомонӣ маҳсулоти нассоҷӣ ворид карда шудааст, дар ҳоле ки Тоҷикистон ҳар сол ашёи хоми онро дар намуди нахи пахта дар ҳаҷми 1,2 миллиард сомонӣ содирот мекунад.

Барчаспҳо:
саноат, норозигӣ, сафари корӣ, Данғара, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ