15:38 22 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.75
  • RUB0.14
Золото

"Фароз" барои омӯзиши кони тилло ва кони сурма иҷозатнома гирифтааст

© Sputnik / Валерий Титиевский
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
275 0 0

Ширкати "Фароз" барои омӯзиши кони тиллои "Уқобхона" ва кони сурмаи "Паҳндара" дар ноҳияи Айнӣ то соли 2022 иҷозати омӯзишро ба даст овардааст

ДУШАНБЕ, 5 ноя — Sputnik. Саридораи геологияи тоҷик феҳрасти навини ширкатҳоеро, ки барои омӯзиши сарватҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон иҷозатнома гирифтаанд, нашр кард, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ҳамин тавр ширкати "Фароз" барои омӯзиши кони тиллои "Уқобхона" ва кони сурмаи "Паҳндара" дар ноҳияи Айнӣ то соли 2022 иҷозати омӯзишро ба даст овардааст. 

Ширкати "Фароз" яке аз ширкатҳои асоаӣ дар бозори сӯзишвории Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Ширкати мазкур  яке аз бузургтарин воридкунандаи сӯзишвории газу бензин ба Тоҷикистон мебошад.

Барчаспҳо:
иҷозатнома, кони тилло, Фароз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ