00:45 18 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Табрикоти Эмомалӣ Раҳмон ба маносибати Рӯзи Конститутсия

Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
178 0 0

Дар як паёми телевизионӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мардуми тоҷикистонро ба муносибатӣи 24-умин солгарди Рӯзи Конститутсия табрик гуфта ба хонадони ҳар фарди кишвар сулҳу оромӣ, бахту иқболи нек орзу намудааст

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як пайми телевизионӣ мардуми кишварро ба муносибати Рӯзи Сарқонун табрик гуфт.

Аз ҷумла вай афзуд, ки бисту чор сол пеш, яъне 6 ноябри соли 1994 шаҳрвандони Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ санади сарнавиштсозеро қабул намуданд, ки он асоси рушди минбаъдаи давлатдории тоҷикон гардид.

Раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид намудааст, ки бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани Конститутсия нишонаи ҳисси баланди масъулияти шаҳрвандони кишвар нисбат ба ояндаи худ, тақдири минбаъдаи давлат ва ифодаи рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии мардум гардидааст.

“Қабули Конститутсия имконият дод, ки дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад”, - таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Роҳбари кишвар гуфт, ки имрӯз боиси ифтихор аст, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башар мебошад ва ба сӯи пешрафту тараққиёт бо қадамҳои устувор пеш меравад.

“Бо дарназардошти таъмин намудани рушди бемайлону устувори ҷомеа ва амалӣ гардонидани мақсадҳои стратегии халқи тоҷик солҳои 1999, 2003 ва 2016 ба Конститутсия тағйироти зарурӣ ворид карда шуданд, ки дар натиҷа ин санади тақдирсоз боз ҳам мукаммал гардид, хусусан, рукнҳои давлатдорӣ, ки заминаҳои зарурии ҳифзи истиқлолияти миллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро таъмин мекунанд, таҳкиму тақвият пайдо карданд”, гуфт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки бисту чор соли амали Конститутсияи Тоҷикистон собит сохтааст, ки қонуни асосии зиндагии давлат ва ҷомеаи мо аз имтиҳони ҷиддии ҳаёт гузашт аст.

Вай афзуд, ки натиҷаи ҳамин дастовардҳои конститутсионист, ки имрӯз дар кишвар сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор мебошад ва халқи Тоҷикистон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба ободиву созандагии сарзамини соҳибистиқлоли худ машғул аст.

“Имрӯз сокинони кишвари мо ифтихор доранд, ки соҳиби Ватан ва давлати соҳибихтиёр мебошанд, Конститутсияи ҷавобгӯй ба орзуҳои мардумӣ доранд ва дар фазои сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ зиндагӣ мекунанд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Барчаспҳо:
Конститутсия, сарқонун, табрикот, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ