Интернет чисту демократия чӣ маъно дорад?: 322 суол барои қабул ба тими Рустами Эмомалӣ

© Amir IsaevГлава администрации президента Озода Рахмон, мэр Душанбе Рустам Эмомали и председатель района Исмоила Сомони Душанбе Сами Шариф
Глава администрации президента Озода Рахмон, мэр Душанбе Рустам Эмомали и председатель района Исмоила Сомони Душанбе Сами Шариф - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрдории Душанбе феҳрасти 322 суолро пешниҳод кардааст, ки зимни қабул ба кор дар Ҳукумати пойтахт пурсида хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Ахиран Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе барои ишғоли ҷойҳои холӣ дар ҳукумати пойтахт озмун эълон кард, ки маоши мансабиашон аз 696 то 1387 сомониро ташкил медиҳад.

На строительной площадке плотины на Рогунской ГЭС, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Зудтар месозем: дар сохтмони Роғун теъдоди коргарон афзоиш ёфт

Шаҳрдорӣ инчунин феҳрасти 322 суолро нашр намудааст, ки аз довталабон пурсида хоҳанд шуд.

Қисмати аввали суолҳо бештар бахши ҳуқуқӣ, аз ҷумла донистани суруди миллиро дар бар мегирад. Дар он аз ҷумла пурсида мешавад, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ аз киҳо иборат аст ? Парлумон чист? Демократия чӣ маъно дорад? Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро кӣ ҳуқуқи таъсис ва барҳам доданро дорад ? Рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд ? Кӣ аз номи тамоми халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад? Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ амал мекундад? Дар Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ, аз синни чандсолагӣ муайян карда шудааст ?

Дар қисмати дуюм бештар аз иқтисод суолҳо ироа шудаанд: Даромади миллӣ чист? Ҷамъияти саҳҳомӣ чист? Ҳадди ақали музди кор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кӣ муайян карда мешавад? Кӯмаки грантӣ чист? Иқтисодиёти пинҳонӣ чист?

Глава администрации президента Озода Рахмон, мэр Душанбе Рустам Эмомали и председатель района Исмоила Сомони Душанбе Сами Шариф - Sputnik Тоҷикистон
Қарори нави Рустам Эмомалӣ: озмун барои ишғоли мансабҳои холӣ

Қисмати охири суолҳо аз бахши техникаю иттилоотӣ то сайёҳиро дар бар мегирад. Аз ҷумла интернет, сайт, антивирус, домен чист? Сканер чист? Тугмачаҳои  Tab,  Caps Lock, Фосила, Backspace, Home, End, Page Up ва Page Down кадом функсияҳоро иҷро менамоянд? Намудҳои сайёҳӣ? Ҷашнҳои расмиро номбар кунед? Забони тоҷикӣ кадом сол мақоми давлатӣ гирифт?

Довталабони мақомҳои мудири шуъбаи ташкилии дастгоҳи раиси шаҳр, мудири бахши технология ва коммуникатсияи дастгоҳ, сармутахассиси раёсати коргузорӣ, муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳ, сармутахассиси Раёсати иқтисод, молия ва ояндабинии дастгоҳ, мутахассиси пешбари бахши муҳосиботи дастгоҳ, сармутахассиси шуъбаи рушди сайёҳӣ ва ғайраҳо метавонанд дар озмун иштирок кунанд.

Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи ишғоли ҷойҳои холӣ 2 ноябр содир шудааст ва бахши кадрҳои шаҳрдорӣ мегӯяд, довталабон метавонанд давоми 21 рӯз баъди нашри ин эълон, ҳуҷҷатҳоро ба нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ-80, телефон, факс - 221-35-68, почтаи электронӣ - dushanbe80@yahoo.com пешниҳод намоянд.

Лентаи хабарҳо
0