00:11 18 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Масдудияти дастрасӣ, акс аз бойгонӣ

Мушкили дастрасӣ ба Фейсбук дар Тоҷикистон

© Flickr/ Yuri Samoilov
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
257 0 0

Бархе аз корбарони интернет дар Тоҷикистон аз мушкили дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла Фейсбук хабар доданд

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik.  Корбарони интернет мегӯянд, баъди нисфирӯзи 6 ноябр мушкили дастрасӣ ба Фейсбук пайдо шуд.

“Баъди нисфирӯз, тақрибан соати 16 дастрасӣ ба Фейсбук масдуд шуд. Ҳозир бе барномаҳои қулфшикан вуруд ба фейсбук ғайриимкон аст”, - изҳор дошт як корбари шабакаҳои иҷтимоӣ аз Душанбе, ки аз хадамоти ширкати Tcell истифода мебарад.

Расман ширкатҳои мобилӣ ва мақомоти Тоҷикистон то ҳол масдудияти шабакаҳои иҷтимоиро шарҳ надодаанд.

Мушкили дастрасӣ дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон дар пайи тағйироти қаблӣ ба қонунгузории кишвар ҳуқуқ пайдо карданд, ки дар ҳолатҳои зарурӣ ба далоили амниятӣ метавонанд дастрасӣ ба интернет ё шабакаҳои алоҳидаро маҳдуд кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ