13:48 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Военнослужащие Таджикистана

"Облава" тамом?: Суғд нақшаи даъватро 93 дар сад иҷро кард

Amir Isaev
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
314 0 0

Дар 12 шаҳру ноҳияи Суғд нақшаи даъват пурра иҷро шудааст. Дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Исфара ва Бобоҷон Ғафуров даъват идома дорад

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Суғд нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавононро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон 93 дар сад иҷро кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти Ҳукумати вилоят.

Бино бар иттилои манбаъ, то 6-умия ноябр 12 шаҳру ноҳияи вилоят нақшаи муайяншударо пурра иҷро намуданд.

"Айни ҳол дар шаҳрҳои Хуҷанд, Панҷакент, Истаравшан, Конибодом, Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров даъвати ҷавонон идома дошта, интизор меравад, ки рӯзҳои наздик нақша иҷро гардад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Ёдовар мешавем, дари Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонон ба Сафи қувваҳои мусаллаҳ идома дорад.

"Облава" ё сарбозбарӣ ба гуфтаи сокинони Тоҷикистон дар кишвар то ҳол сурат мегирад. Ба гуфтаи онҳо, дар  шаҳру навоҳиҳо ҳолатҳое ҳастанд, ки ҷавононро маҷбурӣ низ ба комиссариати ҳарбӣ мебаранд.

Мавзӯъҳои асосӣ