Фармони Раҳимзода дар бораи сарфарозгардонии милисаҳои Душанбе бо рутбаву медал

© Пресс-служба президента ТаджикистанаМинистр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро
Министр МВД Таджикистана Рахимзода Рамазон Хамро - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Раёсати Вазорати умури дохила дар шаҳри Душанбе бо ширкати сардори раёсат Рӯзи милиса бо шукӯҳ таҷлил гардид

ДУШАНБЕ, 9 ноя — Sputnik. Дар Раёсати ВУД дар шаҳри Душанбе бо иштироки собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ, роҳбарият ва ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе чорабинии идона баргузор гардид, хабар медиҳад ВУД ҶТ.

"Нахуст сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон кормандон ва собиқадорони милисаро бо идашон шодбош гуфт", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Манбаъ меафзояд, дар чорабинии мазкур бо Фармони вазири умури дохилаи Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода чанд корманди милитсияи пойтахт бо рутбаҳои навбатӣ ва медалу Нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаву Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

"Дар баробари ин ба як қатор маъюбону собиқадорон ва оилаҳои бесаробонмондаи милитсияи пойтахт кӯмакҳои пуливу моддӣ расонида шуданд", - афзудааст дафтари матбуотӣ.

Дар анҷом кормандони милиса ва фарзандонашон барои ҳамкасбони худ консерт баргузор карданд.

Лентаи хабарҳо
0