Обуҳавошиносон: боридани барфу борон дар назар аст

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкГоры в Таджикистане, архивное фото
Горы в  Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар баландиҳои 2 ҳазор метр барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои Ожонсии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, ҳарорат  шабона +5  ва рӯзона то +14  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ  борон ва дар баландии 2 ҳазор метр боридани барф  дар назар аст. Ҳарорат шабона ба то +7  ва рӯзона  аз 11 то +16  дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ ҳавои абрноки тағйирёбанда  шуда, боридани борону барф дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -3+2, рӯзона  +7+12  ва дар шарқи ин вилоят шабона -9-14   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрнок    шуда,    дар  ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва барф   дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона -2+7  ва рӯзона  10+15   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ    боридани борон   дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 ва рӯзона +12+17   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Лентаи хабарҳо
0