00:50 18 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
На стройплощадке Рогунской ГЭС

Тоҷикистон рӯзи ба истифода додани агрегати аввали НБО Роғунро расман эълон кард

Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
548 0 0

Мақомоти Тоҷикистон ба маросими ифтитоҳи агрегати аввали НБО Роғун намояндагони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндаҳои сафоратҳо ва 30 расонаи хабарии хориҷӣ даъват кардааст

ДУШАНБЕ, 10 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар рӯзи 16 ноябр дар маросими тантанавии роҳандозии нахустин агрегати НБО Роғун, ки дар минӣтақаи Осиёи марказӣ бузургатирин ба ҳисоб меравад, иштирок хоҳад кард, иттилоъ додааст Ёвари раисҷумҳур дар масоили рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода.

“Ба маросими роҳандозии нахустин агрегати НБО Роғун намояндагони кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла кишварҳои аз ҷумла кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000, ташкилотҳои байналмилалӣ, намояндаҳои сафоратҳо ва 30 расонаи хабарии хориҷии ҷаҳон даъват карда шудааст”, гуфт вай зимни нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе.

Раҳмонзода инчунин таъкид намуда, ки корҳо дар нерӯгоҳи Роғун зери назорати бе воситаи раисҷумҳур мебошад.

Вай афзуд, ки Эмоалӣ Раҳмон шахсан худаш дар як сол ду ё се моротиба аз рафти кор дар иншооти бузург хабар мегирад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар майдони сохтмони Роғун
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Нерӯгоҳи барқи обии Роғун  - нерӯгоҳи барқи обии калонтарин дар дарёи Вахш мебошад, ки сохтмонаш дар дарёи Вахш давом ёфта истодааст.     

Сохтмони нерӯгоҳи барқи обии дар Осиёи Марказӣ калонтарин – Роғун соли 1976 сар шуда буд. Иқтидори лоиҳавии НБО Роғун ба 3600 МВт баробар буда, он аз 6 агрегати 600 МВт ва баландии сарбанди он 335 метр муайян шуда буд. Ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 17,1 млрд. кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад.

Мавзӯъҳои асосӣ