17:15 26 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.73
  • RUB0.15
Тело в морге, архивное фото

Мастӣ ба гӯр: дар Конибодом марде аз арақнӯшии зиёд фавтид

© Flickr/ Adrian Clark
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
290 0 0

Муҳиддини 48-сола бо далели нӯшидани шароби беҳад зиёд заҳролуд шуда, вафот кардааст. Феълан дар мурдахонаи шаҳри Конибодом ташхиси ҷасади марҳум идома дорад

ДУШАНБЕ, 12 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд як марди 48-сола бо далели нӯшидани шароби зиёд вафот кардааст.

Тавре Раёсати Вазорати умури дохила дар вилояти Суғд хабар медиҳад, марҳум Муҳиддин Дӯстматови 48-сола, сокини деҳаи Даштқараянтоқ, 9 ноябр, тахминан соатҳои 11:40 бо далели нӯшидани арақи зиёд заҳролуд шуда, ҳалок шудааст.

Манбаъ менависад, ҷасади марҳум барои гузаронидани ташхис ба мурдахонаи шаҳр равон карда шудааст.

Тафтишот идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ