23:43 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Вор, архивное фото

Доллардуздиву телефондуздӣ дар Душанбе: милисаҳо ду мардро дастгир карданд

CC BY 2.0 / *sax / Caught in the Act
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
212 0 0

Муттаҳамон дар шаҳри Душанбе манзили як занро ғорат карда, маблағ, телефон ва ҷавоҳираташро рабудаанд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Ду сокини Қубодиён ба иттиҳои даст доштан дар ҷурми дуздӣ дастгир шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, муттаҳамон - марди 41 ва 21-сола охирҳои тобистон манзили як занро дар шаҳри Душанбе ғорат кардаанд.

"Онҳо 28 август аз манзили як зани 54-сола дар кӯчаи Сари Осиёи 300-доллари амрикоӣ, 2000-сомонӣ, 2-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Ҷ-5”, ки арзишашон 3300-сомонӣ мебошад ва ҷавоҳироти тиллоӣ ба маблағи 1680-доллари амрикоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Зарари расонидашуда 23 ҳазору 961-сомониро ташкил додааст.

Нисбати гумонбаршудагон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Барчаспҳо:
мард, доллар, дуздӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ