00:12 19 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Председатель Согдийской области Раджаббой Ахмадзода

Раиси вилоят дар Масчоҳ ҳақи чиниши пахтаро боло бурд

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской области
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
174 0 0

Аҳмадзода ҳангоми боздид аз рафти ҷамъоварии пахта дар ноҳияи Масчоҳ аз ҷараёни сусти ҷамъовари пахта изҳори нигаронӣ карда, супориш дод, ки ҳақи чиниши пахта боло бурда шавад

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Масчоҳ аз рафти ҷамъоварии пахта шинос шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии вилояти Суғд.

Бино бар иттилои манбаъ, ноҳоя феълан нақшаи ҷамъоварии пахтаро иҷро накардааст.

"Дар асоси уҳдадорӣ ноҳияи Мастчоҳ бояд имсол 25600 тонна пахта истеҳсол намояд. Аммо таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар чиниши пахта ба миқдори 5 ҳазор тонна қафомонӣ мавҷуд буда, теъдоди зарурии чинакчиён ба маъракаи пахтачинӣ сафарбар нагардидаанд", - омадааст дар гузориш.

Аҳмадзода аз ҷараёни сусти ҷамъоварии пахта изҳори нигаронӣ карда, супориш додааст, ки ҳақи чиниши пахтаро боло бардоранд.

"Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия супориш дод, ки барои ҷалби бештари ченакчиён ҳақи чиниши пахтаро ба 1 сомониву 20 дирам расонанд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Моҳҳои сентябр Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар рӯзи истироҳатӣ ба ҳашари пахтачинӣ баромада буд.

Раиси вилоят якҷо бо беш аз 300 корманди мақомоти вилоятӣ ва намояндагони илму адаб ба хоҷагии деҳқонии "Сирдарё"-и ноҳияи Ҷаббор Расулов омада, барои ҷамъоварии ҳосили пахтакорон ёрии худро расониданд.

Мавзӯъҳои асосӣ