11:30 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Пассажирский самолет, архивное фото

Хатсайри нав пойтахти Тоҷикистону Қазоқистонро мепайвандад

CC0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
219 0 0

Хатсайри нави Ширкати ҳавоии SCAT, ки қарор аст пойтахти Тоҷикистону Қазоқистонро пайвандад, аз 14 декабри соли равон роҳандозӣ хоҳад шуд

ДУШАНБЕ, 13 ноя — Sputnik.  Ширкати ҳавоии SCAT-и Қазоқистон аз шаҳри Остона ба пойтахти Тоҷикистон хатсайри нав боз хоҳад кард, иттилоъ додааст сомонаи интернетии Кумитаи ҳавопаймоии кишварии Қазоқистон.

Бино ба иттилои манбаъ, қарор аст аз рӯзи 14 декабри 2018 нахустин парвози мустақими ҳавопаймоӣ миёни шаҳрҳои Остона ва Душанбе анҷом шавад.

Манбаъ таъкид намудааст, ки ифтитоҳи хатсайр ба туфайли ҳамкории мақомоти авиатсионии давлатҳо ва ширкати ҳавопаймоии "SCAT" дар доираи фаъолияти комиссияҳои байниҳукуматии тиҷоративу иқтисодӣ ва гуфтушунидҳои дуҷониба муяссар гардида, ба рушди муносибатҳои нек байни Қазоқистону Тоҷикистон саҳми назаррас мегузорад.

Тибқи иттилои манбаъ, парвозҳо тариқи хатсайри Остона - Душанбе - Остона ҳафтае 2 маротиба – рӯзҳои ҷумъа ва шанбе бо ҳавопаймои навъи CRJ-200 сурат мегиранд.

Дар ҳоли ҳозир фурӯши билетҳо оғоз шудааст. Арзиши билет барои ҳар мусофир 124 доллар хоҳад буд.

Ёдарс мешавем, ки пештар парвоз миён ду пойтахт аз тариқи шаҳри Алмаатои Қазоқистон, тавассути ширкатҳои Тоҷик Эйр ва Остона Эйр анҷом дода мешавад.

 

Барчаспҳо:
парвоз, хатсайр, Остона, Қазоқистон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ