00:03 19 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.69
  • RUB0.14
Намояндаҳои ВАО, акс аз бойгонӣ

Эълони озмун барои рӯзноманигорон: ҷоиза – ноутбукҳо ва телефон

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
101 0 0

Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ дар доираи маъракаи иттилоотии “70 рӯз то 70-умин солгарди Эъломияи умумии ҳуқуқи башар”, озмуни “Беҳтарин инъикосгарри масоили ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ”- ро эълон кард

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Ҳадафи озмун мусоидат ба риоя ва эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон дар Осиёи Марказӣ – таҳкими донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ ва рушди касбияти рӯзноманигорон арзёбӣ мешавад.

Дар озмуни мазкур муаллифони штативу ғайриштатии матбуот, радио ва расонаҳои онлайнии Ҷумҳурии Қазоқистон, Қирғистон, Тоҷикистон ва Узбакистон метавонанд иштирок намоянд. Забони матолиби озмун–қазоқӣ, қирғизӣ, тоҷикӣ, узбакӣ ва русӣ мебошад. Мӯҳлати охирини қабули матлаб на дертар аз 30-юми ноябри соли 2018 соати 17:00 муайян шудааст. Озмуни мазкур якҷоя бо Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ дар Осиёи Марказӣ ташкил гардида, ба ғолибон барои ҷойҳои аввал ва дуюм ноутбук ва барои ҷои сеюм телефони мобилӣ тақдим мешавад.

Матолибе нашргардида аз 1-уми январи соли 2018 то 30-уми ноябри соли 2018 метавонанд тариқи нишонии зерин ба озмун пешниҳод шаванд.

Натиҷаҳои озмун на дертар аз 10-уми декабри соли 2018 эълон мегардад.

Мавзӯъҳои асосӣ