12:12 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
Монета один сомони в руке, архивное фото

Дар соли 2019 андоз аз арзиши иловашудаи имтиёзнок манъ карда мешавад

© Sputnik / Стас Этвеш
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
301 0 0

Муасисаҳои таълимӣ, ширкатҳои сохтмонию соҳибкорӣ ва ошхонаҳои ҷамъиятие, ки то ин замон ба буҷаи давлат андоз аз арзиши иловашударо ба таври имтиёзнок дар ҳаҷми 5 дарсад пардохт мекарданд, сипас аз 1-уми январи соли 2019 андоз барои онҳо 18 фоиз хоҳад шуд.

ДУШАНБЕ, 14 ноя — Sputnik. Дар Тоҷикистон аз оғози соли 2019 андоз аз арзиши иловашуда барои муасисаҳои таълимӣ, ширкатҳои сохтмонию соҳибкорӣ ва ошхонаҳои ҷамъиятӣ  боз 18 дарсадро ташкил медиҳад, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Ёдрас мешавем, ки дар панҷ соли охир муасисаҳои мазкур андоз аз арзиши иловашударо ба таври имтиёзнок ба андозаи 5 дарсад пардохт мекарданд.

“Соли 2013 дар Тоҷикистон Кодекси нави андоз қабул шуда буд, ки тибқи он  андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 18 дарсад тасдиқ шуда буд. Аммо кодекси нав норозигӣ ва интқоди коршиносон ва соҳибкоронро ба бор овард.  Бо гузашти як сол ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифт муваққатан андоз аз арзиши иловашударо барои муасисаҳои таълимӣ, ширкатҳои сохтмонию соҳибкорӣ ва ошхонаҳои ҷамъиятӣ аз 18 то 5 дарсад поин фарорад”, - афзудааст манбаъ.

Вазорати молияи Тоҷикистон таъкид намудааст, ки мутахассисони онҳо лоиҳаи тамдиди андози имтиёзнокро таҳия намудаанд, аммо то ҳол маълум нест, ки ин пешниҳод аз тарафи ҳукумати кишвар дастгири меёбад ё не.

Чанде пеш иттилоъ дода шуда буд, ки ба сабаби озод кардани як қатор корхонаҳо аз андози мазкур ба буҷаи кишвар 150 миллион сомонӣ (қариб 17 миллион доллар) ворид нашудааст.

Ба гуфтаи раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода, ба сабаби ворид нашудани ин маблағ ба буҷаи кишвар имконоти сохтани ҷойҳои нави корӣ ва зиёд кардани истеҳсолот барои кишвар маҳдуд мегардад.

Мувофиқи тағйиротҳои қабулшудаи аввали соли 2018 муасисаҳои то мактабӣ, мактабӣ ва истеҳсолкунандаи маҳсӯлоти хӯрока  барои ҳайвонот ва корхонаҳои парандапарвариро аз супоридани андоз аз арзиши иловашуда озод карданд. Инчунин аз супурдани андози мазкур воридкунандагони техналогияҳои муосир барои истеҳсоли доруҳои шифобахш ва ашёи хом барои истеҳсоли либосҳои мактабӣ, инчунин корхонаҳои парандапарварӣ озод шудаанд.

Инчунин манбаъ илова намудааст, ки ба воридкунандагони мошинҳои нави хориҷӣ барои супурдани андоз аз арзиши иловашуда имтиёз пешниҳод мегардад. Воридкунандагони мошинҳое, ки вақти баромадашон аз як сол кам аст, 50 дарсад аз супурдани ин навъи андоз озод карда мешаванд.

 

 

Барчаспҳо:
корхона, андоз, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ