03:04 21 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Усмон Тошев, новый тренер олимпийской сборной Таджикистана

Мутахассиси узбак сармураббии мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон таъин шуд

© championat.asia
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
215 0 0

Акнун ба тими мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон мутахассиси узбак Усмон Тошев тамрин медиҳад

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Сармураббии мунтахаби олимпии Тоҷикистон  (U-23) мутахассиси 53-солаи  узбак Усмон Тошев таъин шуд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тошев мунтахаби кишварро ба мусобиқаҳои интихобии чемпионати Осиё-2020 омода мекунад.

Дар давраи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020, ки аз 22 то 26-уми март дар Тошканд баргузор мегардад, тими Тоҷикистон дар гурӯҳи “F” ба майдон мебарояд. Ҳарифони тими олимпии Тоҷикистон дастаҳои футболи Узбакистон, Ҳиндустон ва Покистон муайян шудаанд.

Дар назар аст, ки сармураббии нави тими олимпӣ ба наздикӣ ба кор шурӯъ кунад.

Тошов Усмон Қудратович 23-уми сентябри соли 1965 дар Бухоро ба дунё омадааст. Ӯ дар ҳайъати тимҳои “Зарафшон”, “Пахтакор”, “Нурафшон” ва “Бухоро” ба майдони футбол мебаромад. Инчунин аз тарафи лигаи “Атоммаш”-и Волгодонски Русия, клуби “Солнок”-и Маҷористон ва “Кератсини”-и Афина баромад кардааст.

Тошев минбаъд фаъолияташро ба ҳайси мураббӣ идома дод. Соли 1978 Донишгоҳи давлатии Бухороро бо ихтисоси “педагоги варзишӣ” хатм кардааст.

Соли гузашта Тошев ба ҳайси сармураббии тими “Андиҷон” кор мекард. Моҳи июли соли ҷорӣ тими мунтахаби ҷавонони (U-16) Узбакистон зери дастпарварии Тошев ғолиби чемпионати Ассотсиятсия футболи Осиёи Марказӣ гашт.

Барчаспҳо:
узбак, чемпионат, Тоҷикистон, футбол

Мавзӯъҳои асосӣ