12:26 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Наручники, архивное фото

Шарманда мекунам: боздошти "милиса"-е, ки бо таҳдиди беобрӯ кардан "пул кор мекард"

© Фото : ЦОС ФСБ РФ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
47510

Ҷавон, ки ҳатто пеш бо моддаи 244-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон суд шуда будааст, ба як сокини ноҳияи Варзоб худро корманди милиса муаррифӣ карда, аз вай барои "шарманда накардан" бештар аз 10 сомонӣ маблағ талаб карда, гирифтааст

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Душанбе мардеро ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ дастгир кардаанд.

Бино бар иттилои манбаъ, мард худро бардурӯғ корманди милиса муаррифӣ карда, аз як сокини Варзоб бо таҳдид 10 ҳазору 400 сомонӣ ситонидааст.

Дар ин бора марди ҷабрдида, сокини 40-сола аз ноҳияи Варзоб ба ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ хабар додааст.

"Дар давоми рӯзҳои 6-ум то 14-уми ноябри соли 2018 марди 25-солаи сокини кӯчаи Ҷомии пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо мақсади бо роҳи тамаъҷӯӣ ба даст овардани пули нақд худро бардурӯғ корманди шуъбачаи 4-уми Раёсати кофтукови ҷиноятии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуда, бо ифшои маълумотҳои беобрӯкунанда ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ӯро таҳдид намуда, дар умум 10 ҳазору 400-сомонӣ талаб карда гирифтааст", - менависад манбаъ.

Тафтишоти ҳодиса идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ