13:45 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон на стройке Рогунской ГЭС

Тоҷикистон тӯй дорад: Рӯзи Президент ва ифтитоҳи чархаи аввали "Роғун"

© Фото : Официальная страница президента РТ в Facebook
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
427 0 0

Дар Тоҷикистон Рӯзи президентро 16-уми ноябр таҷлил мекунанд. Имсол дар ин рӯз агрегати аввали нерӯгоҳи Роғун низ ба кор андохта мешавад

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik.  Мувофиқи моддаи 2-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид", ки аз 14.05.2016 қабул шудааст, дар Тоҷикистони рӯзи 16-уми ноябр ҳамчун «Рӯзи Президенти Тоҷикистон» ҷашн гирифта мешавад.

Сабаби ҷашни Рӯзи Президент дар 16-уми ноябр дар он аст, ки дар ҳамин рӯз яъне 16-уми ноябри соли 1994  Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Тоҷикистон савганд ёд карда, худи ҳамин сол дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони, шакли идории Тоҷикистон ба шакли ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд.

Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир мегардад.

Инчунин дар ҳамин рӯз 16 ноябр имсол  нахустин чархаи нерӯгоҳи “Роғун”  ба кор андохта мешавад.

Дар як маросими пуршукӯҳ раисҷумҳури кишвар, Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти агрегати аввали бузургтарин нерӯгоҳ дар Осиёи Марказӣ - Роғун ҳусни оғоз мебахшад.

Дар маросими ифтитоҳи нерӯгоҳ меҳмонон аз дохилу хориҷи кишвар ва намояндагони бештар аз 30 расонаҳо иштирок хоҳанд кард.

Аз ҷумла даъватномаҳо унвонии Афғонистон, Узбакистон Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Покистон ирсол шудаанд.
Қарор аст, дар ин рӯз дар Душанбе ба тантанаи ба истифода додани аввалин агрегати нерӯгоҳи Роғун консерт ва оташбозӣ баргузор шавад.

Дар ҳамин ҳол, тавре шаҳрдории Душанбе хабар додааст, 17-уми ноябр ба муносибати ифтитоҳи агрегати аввали Роғун дар "Наврӯзгоҳ" барномаи театрикунонидашуда баргузор мегардад. Ҳамчунин дар ин рӯз  баъди анҷоми намоиш ба муддати 5 дақиқа мушакпарронии (фейерверки) идона сурат мегирад.

Ёдрас мешавем, ки сохтмони Роғун дар Тоҷикистон ҳанӯз дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ, дар соли 1976 оғоз шуда буд.

Мувофиқи лоиҳа, сарбанди нерӯгоҳ баландтарин сарбанд дар ҷаҳон аст.

Барчаспҳо:
Эмомалӣ Раҳмон, маросими тантанавӣ, душанбе, ҷашн, Роғун, Рӯзи Президент, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ