Шавҳарат азоб медиҳад? - занг зан: маркази имдоди ҷабрдидаҳои хушунат бунёд мешавад

© Sputnik / Табылды КадырбековНасилие в семье, архивное фото
Насилие в семье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар Душанбе маркази имдоди ҷабрдидаҳои хушунати хонаводагӣ бунёд мекунанд. Минбаъд заноне, ки таҳти фишори равониву ҷисмонии ҳамсар ё хушдоман қарор гирифтаанд, метавонанд ба рақами 1313 зада кӯмаки ҳуқуқӣ ё равонӣ гиранд

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар Душанбе Маркази имдоди ҷабрдидагони хушунати хонаводагӣ созмон дода мешавад, ки метавон ба он ба воситаи тамоси мустақим пайваст шуда, маслиҳат гирифт.

Шаҳрвандоне, ки таҳти фишори равониву ҷисмонӣ қарор гирифтаанд, метавонанд ба рақами 1313 занг зада, арзи дил кунанд.

Марказ ба сокинон маслиҳати ҳуқуқӣ ва равонӣ пешниҳод мекунад. Ҳамчунин, муроҷиаткунандагон метавонанд кӯмакҳои ҳуқуқиву равонӣ гиранд.

Лоиҳаро Бунёди АвруОсиёи Осиёи Марказӣ амалӣ мекунад.

Марказ зери идораи Кумитаи кор бо занон фаъолият карда, онро қисман Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ хоҳад кард.

Гуфта мешавад, мақсади роҳанозии ин тарҳ - таҳкими ҳуқуқи инсон ва баробарии гендерӣ дар саросари кишвар аст.

Тамос аз ҳамаи ширкатҳои моболӣ ба ин рақам ройгон аст.

Лентаи хабарҳо
0