12:12 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Монеты, архивное фото

Қарзи берунаи Тоҷикистон 5 миллион доллар кам шуд

CC BY 2.0 / Tax Credits / Coins
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
208 0 0

Феълан қарзи берунаи Тоҷикистон 2 миллиарду 273 миллион долларро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik.  Аз аввали сол қарзи берунаи Тоҷикистон 5,2 миллион доллар кам шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “ТоҷикТА”.

Бино бар иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, ба ҳолати 1 октябри соли равон қарзи умумии берунаи Тоҷикистон 2 миллиарду 873 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки 1 январи соли равон ин нишондиҳанда 2 миллиарду 879 миллион долларро ташкил медод.

Манбаъ таъкид намудааст, ки қарзи умумии Тоҷикистон муодили 40,3 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар мебошад.

Ожонсии омори Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар соли ҷорӣ аз буҷаи Тоҷикистон барои пардохти қарз 125 миллион доллар равона хоҳад кард.

Барчаспҳо:
кам шудани ҳаҷми савдо, кам, Вазорати молияи ҶТ, қарзи беруна, қарзи хориҷӣ, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ