ВУД Тоҷикистон: зани 28-сола бо ҷурми дуздӣ дастгир шуд

© Sputnik / Рамиль СитдиковНаручники, архивное фото
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони ШВКД дар шаҳри Бӯстон зани 28-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расуловро барои дуздии либосҳои занона, ки арзишашон се ҳазор сомонӣ будааст, дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВУД Тоҷикистон, зани 37-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров ба  ШВКД дар шаҳри Бӯстон муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум аз макони савдояш либосҳои занонаро, ки арзишашон 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Боздошт. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
ВКД: боздошти дузд ва фурӯшандаҳои маводи тарфгарӣ дар Хуҷанду Кӯлоб

Вай шикоят намудааст, ки  рӯзи 11-уми ноябри соли равон, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили контейнер, воқеъ дар дохили бозори “Сомон”-и шаҳри Бӯстон либосҳои занонаро, ки арзишашон 3000-сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

Кормандони ВУД ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 28-солаи сокини ноҳияи Ҷ.Расулов бо ҷурми дуздӣ дастгир карданд.

ВУД хабар додааст, ки  аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

 

Лентаи хабарҳо
0