ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, боридани борону барф ва фаромадани меғ ва ё туман дар назар аст, иттилоъ додааст Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -1+6, рӯзона +2+7 ва дар шарқи ин вилоят шабона -15-20 ва рӯзона -0-5 дараҷа сард мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона боридани барф ва фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8 ва дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 ва рӯзона +13+18 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон, барф ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳарорат шабона ба +1+6 ва рӯзона ба 11+16 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва фаромадани туман дар назар дошта шуда, ҳарорат шабона 2+4 ва рӯзона +13+15 дараҷа гарм мешавад.