04:31 19 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.57
  • RUB0.15
Самолет авиакомпании Таджик Эйр, архивное фото

Ширкатии ҳавоии “Тоҷик Эйр” дар самти Душанбе-Хуҷанд парвози муназзам оғоз кард

пресс-служба "Таджик Эйр"
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
117 0 0

Ширкати ҳавоии “Тоҷик Эйр” парвозҳои масири Душанбе-Хуҷандро афзойиш додааст, ки акнун мусофирон метавонанд ҳамарӯза сафар кунанд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ширкати ҳавои “Тоҷик Эйр” ахиран дар масири Душанбе-Хуҷанд парвози муназзамро роҳандозӣ кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ТоҷикТА.

Азиз Хайруллоев, дабири матбуотии “Тоҷик Эйр” гуфтааст, ки “мо бо хушҳоли хабар медиҳем, ки парвозҳои масири Душанбе-Хуҷандро афзойиш додем. Акнун мусофирон метавонанд ҳамарӯза дар ин масир парвоз кунанд”.

Ба гуфтаи вай, дар ин масир ҳавопаймои Bombardier CRJ – 200 парвозҳоро анҷом медиҳад.  Bombardier CRJ – 200 ҳавопаймои эколожӣ буда барои парвозҳои фосилаҳои миёнгин беҳтарин мебошад.

Ҳавопаймо дар соати 17.00 аз фурӯдгоҳи Душанбе парвоз мекунад ва дар соати 19.00 аз фурӯдгоҳи Хуҷанд дубора ба самти Душанбе бармегардад.

Парвоз аз як тараф 40 дақиқа тӯл мекашад. Нархи билети яктарафа 280 сомонӣ (29,7 доллар) муаян шудааст.

Барчаспҳо:
парвоз, Тоҷик Эйр, Хуҷанд, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ