13:40 22 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.53
  • RUB0.15
Мақомоти милиса муттаҳамони пушаймонро ба ватан баргардонид

Пушаймон шуданд: мақомот 3 узви ҳизбу ҳаракатҳои ифротиро баргардонид ва "бахшид"

ВУД Тоҷикистон
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
156 0 0

Муттаҳамон дар Тоҷикистон расман дар пайгард қарор доштанд. Онҳо бо кӯмак ва роҳнамоии милисаҳои пойтахт ба Тоҷикистон баргардонида шуда, изҳор доштаанд, ки аз карда пушаймонанд. Ба гуфтаи мақомот, онҳо ҳоло дар назди наздикони худ қарор дошта, аз ҷавобгарӣ озод карда шудаанд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Бо кӯмак ва раҳнамоии милисаҳои пойтахт 3 узви ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, номбурдагон тибқи моддаи 307 иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстримистӣ (ифротгароӣ))-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон дар ҷӯстуҷӯи расмӣ қарор доштанд.

Гуфта мешавад, онҳо бо хоҳиши худ ва бо кӯмаки милиса ба Тоҷикистон баргашта, ба мақомоти милиса ҳозир шудаанд.

Ҳамин тавр, Олимҷон Ҳотамови 34-сола, сокини ноҳияи Ҳисор, Бахтиёр Қосимови 39-сола, сокини ноҳияи Восеъ ва Назрӣ Мазмудови 54-сола, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳама оиладор ва соҳиби фарзанд будаанд, ба Ватан баргардонида шуданд.

Муттаҳамон дар давоми 3 сол дар пайгард эълон карда шуда, то ин вақт дар шаҳрҳои гуногуни хориҷа ба сар мебурдаанд.

"Зимни ба мақомоти милитсия ҳозир гардидан номбурдаҳо ба тафтишот изҳор доштаанд, ки аз кардаи худ сидқан пушаймон буда, аз сабаби гумроҳӣ шомили ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ гардидаанд", - менависад ВУД.

Мақомоти нисбати номбурдагон эзоҳи моддаҳои 307 иловаи 3 ва 401 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ куарда, онҳоро "бахшидааст".

Онҳо дар ҳузури хонавода, хешу табор, падару модар ва ҳамсару фарзандонашон қарор доранд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба таври расмӣ ба иттилои кулли сокинон ва шаҳрвандоне, ки дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, мерасонад, ки дар ҳолати бо иқрори пушаймонӣ ва хоҳиши худ ҳозир гардидан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дар доираи дастуру супоришҳои раисҷумҳур эзоҳи моддаҳои 401 иловаи 1 ва 307 иловаи 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда шуда, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешаванд.

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ танҳо аз ҷониби милитсияи пойтахт 10 нафар сокинони шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои кишвар, ки бо моддаҳои 401 иловаи 1 (Ҷалб ва иштироки ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони бешаҳрванд дар воҳиди мусаллаҳ, задухурди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ дар қаламрави дигар давлатҳо) ва 307 иловаи 3 (Ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ))-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор доштанд, бо изҳори пушаймонӣ ва бо хоҳиши худ ба Ватан баргардонида шуда, дар назди наздикони худ қарор доранд.

Мавзӯъҳои асосӣ