03:11 21 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.67
  • RUB0.15
Телефон в руках, архивное фото

Мушкилиро рафъ кардем: Tcell ба муштариёнаш 50 дақиқаи ройгон ва мегабайт тақдим кард

CC0 / Pixabay
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1046 0 0

Ширкати Тиселл эълон кардааст, ки мушкилии бамиёномадаро бартараф кард ва барои ҷуброн ба истифодабарандагон 50 дақиқаи ройгон ва 300 мегабайт тарофа ҳадя мекунад

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Ширкати Тиселл эълон кард, ки мушкилии бамиёномадаро бартараф кард.  Ширкат аз муштариёнаш маъзарат мепурсад ва мегӯяд, ки далелҳои сар задани маҳдудиятҳо аз ширкат вобаста набуд.

"Аз соатҳои 17-и 20-уми ноябр то 21-уми ноябр бархе аз муштариёни ширкати Тиселл бо далелҳои аз ширкат вобаста набуда, дар истифодаи интернет ва иртибот бо оперторҳои дигар бо мушкилиҳо дучор шуданд. Мутахассисони ширкати тамоми имконияти худро барои саривақт ҳал кардани мушкилии мавҷуда сарф карданд. Тиселл барои нороҳатӣ аз муштариёнаш маъзарат мепурсад. Ба тамоми муштариёне, ки ба ин маҳдудиятҳо дучор шудаанд 50 дақиқаи ройгон ва 300 мегабайт тарофа ҳадя мегирианд", - омадааст дар иттилои ширкат.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки муштариёни Тиселл аз мавҷуд будани маҳдудиятҳо дар истифодаи ширкат барои корбурди интернет ва иртиботи мобилӣ шикоят мекунанд. Ба гуфтаи онҳо, аз шоми гузашта наметавонанд ба воситаи хизматрасонии ширкат вориди интернет шаванд ва ба операторҳои дигар занг зананд.

Мавзӯъҳои асосӣ