13:48 19 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Следственный изолятор № 2 Бутырская тюрьма

Ҳафт кормандони муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд ҳабс шуд

© Sputnik / Алексей Куденко
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
167 0 0

Нисбати ҳафт кормандони муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд, ки дар онҷо ошӯб сар зада буд, барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон парвандаҳои ҷиноӣ боз карда шуд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik.  Додгоҳи шаҳри Хуҷанд иҷозат додааст, ки ҳафт корманди муассиса ислоҳии шаҳри Хуҷанд ба ҳабс гирифта шаванд, иттилоъ додааст ба Sputnik Тоҷикистон манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд.  

Бино бар иттилои манбаъ, нисбати сардори муассиса Файзулло Сафарзода, сардори шуъбаи таъмини тартиботи ҳуқуқӣ Дилшод Собиров ва боз панҷ нафар кормандони муассиса парвнадаи ҷиноӣ боз шуд.

Манбаъ таъкид намудааст, ки онҳо ҳафтаи гузашта боздошт шуданд ва ҳолдо дар тавқифгоҳи муваққатии Хуҷанд нигаҳдорӣ мешаванд.

Ёдрас мешавем, пештар хабар дода шуд, ки дар пайи ошӯби зиндониён дар Хуҷанд бештар аз 27 нафар, тибқи иттилои баъзе расонаҳо то 43 тан кушта ва даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Байни кушташудагон ду посбони зиндон низ буданд. Шумораи зиёди ҳалокшудагонро маҳбусон ташкил медиҳанд. Ба иттилои Вазорати адлияи Тоҷикистон, таҳқиқи ҳодиса идома дорад. Гӯрӯҳи террористии ДОИШ (мамнӯъ дар Тоҷикистон) масъулияти ҳодисаро бар ӯҳда гирифтааст.

Барчаспҳо:
ҳабс кардан, зиндон, ошӯб, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ