Ҳавои тағйирёбанда: имрӯз бориши борону барф дар назар аст

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкКонтрольно-пропускной пост Шамсиддин-Шохинского района Таджикистана, архивное фото
Контрольно-пропускной пост Шамсиддин-Шохинского района Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок шуда, боридани борону барф дар назар аст, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво қисман абрнок шуда, боридани борону барф      дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона -4+1, рӯзона  1-6 дараҷа гарм  ва дар шарқи ин вилоят шабона 11-16   ва рӯзона -0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда,  дар   ноҳияҳои кӯҳӣ шабона боридани борону барф дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб 3-8   метр   дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона +5+7  ва рӯзона  11+13   дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрнок   шуда, шабона дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон  ва фаромадани туман дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона 5+7 ва рӯзона +13+15   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок шуда, дар   ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борон, барф ва фаромадани туман дар   назар аст.    Ҳарорат шабона ба +4+6  ва рӯзона  ба  10+12  дараҷа  мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда ва фаромадани туман  дар назар дошта шуда, ҳарорат  шабона 4+6  ва рӯзона +10+12  дараҷа гарм мешавад.

 

Лентаи хабарҳо
0