11:57 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Фуры на трассе, архивное фото

Барфи зиёд аст: ҳаракати "Фура"-ҳо дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ мамнӯъ шуд

© Sputnik / Виталий Белоусов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
98 0 0

Феълан кормандони намояндагии ширкати IRS роҳро аз барф тоза мекунанд ва бо маводи зиддилағжиш коркард мекунанд

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҳаракати нақлиёти боркаши присепдор ва "Фура" муваққатан мамнӯъ шуд, хабар медиҳад намояндагии ширкати IRS дар Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ин иқдомро ширкат ба хотири бехатарии ҳаракати дигар воситаҳои нақлиёт дар роҳ пеш гирифтааст.

Гуфта мешавад, дар ҳудуди шоҳроҳ боришоти бошиддат ва беисти барф идома дорад, ки вазъиятро печидатар мегардонад.

"Айни замон коркарди роҳ бо маводи зиддилагжиш ва тоза кардани он аз барф босуръат ҷараён дошта, кормандони филиали ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то ҳаракати воситаҳои нақлиёт таъмин бошад", - менависад IRS.

Пештар Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон низ барои имрӯз ҳавои тағйирёбанда ва боришнок пешбинӣ карда буд. Ба иттилои манбаъ, дар бештари минтақаҳо бориши борон дар назар буда, дар минтақаҳои баландкӯҳ бориши барф пешбинӣ карда мешавад.

Дертар ширкат хабар дод, ки тамоми мамноятҳоро бартараф кардааст ва ҳаракати нақлиётҳои дар боло зикргардида иҷозат дода шуданд. IRS аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки қоидаҳои ҳаракатро қатъият риоя кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ