11:57 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Флаг Таджикистана, архивное фото

Сафорат ба наздикони муҳоҷири фавтида дар идораи пулис кумак хоҳад кард

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
234 0 0

Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба хешу табори муҳоҷире, ки дар идораи пулис ҳангоми бозпурсӣ фавтидааст дар интиқоли ҷасад ба ватан кумак мекунад

ДУШАНБЕ, 23 ноя — Sputnik.   Сафорати Тоҷикистон дар Русия ба наздикони муҳоҷири фавтида дар идораи пулис кумак мерасонад, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости дар иқтибос ба хадамоти матбуоти сафорат.

“Сафорат ин ҳодисаи нохушро пайгирӣ дорад. Кормандони консулгарии сафорат бо намояндагони пулиси Русия дар тамос мебошанд. Сафорат ба хешу табори муҳоҷири фавтида омодааст кумак расонад. Инчунин, сафорат метавонад ба наздикони муҳоҷир дар интиқоли ҷасад кумак расонад”,- таъкид кардааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.

Ёдрас мешавем, ки ҳодисаи мазкур рӯзи 21 ноябр рух дода, бар асоси фарзияи пешакӣ сабаби марги шаҳрванди Тоҷикистон, ки 38 сол доштааст, бемории қалб будааст.

Феълан тафтиши ин ҳодиса оғоз гардидааст. Мақомоти пулиси Маскав, даҳҳо муҳоҷир ба шумули шаҳрванди фавтидаи Тоҷикистонро бо ҷалби воҳидҳои махсус, бо иттиҳоми роҳзанӣ боздошт кардаанд.

Инчунин Шӯрои ҳуқуқи инсони назди раисиҷумҳури Русия таҳқиқи марги шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро дар идораи пулиси Маскав зери назорат мегирад

Мавзӯъҳои асосӣ