13:47 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Мальчик с флагом Таджикистана, архивное фото

Имрӯз дар Тоҷикистон 26-умин солгарди Парчами давлатӣ таҷлил мегардад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
66 0 0

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ ҷашн гирифта мешавад.

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Бисту шаш сол пеш аз ин дар чунин рӯзе иҷлосияи XVI Шурои Олӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пазируфта буд. Ба ин муносибат имрӯз дар саросари кишвар барномаҳои фарҳангиву ҳунарӣ ва суханрониҳо баргузор мешаванд.

Дар  Тоҷикистон 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи парчами давлатӣ эълон шудааст ва онро бо шукуҳ  таҷлил мекунанд. Ин рӯзро дар кишвар расман аз соли 2009 ҷашн мегиранд.

Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 пазируфта шудааст. Ҳамакнун вазъи ҳуқуқӣ, тартиби омодасозӣ, андоза ва корбурди расмии Парчамро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон № 254 аз 12 майи 2007 "Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" муқаррар мекунад.

Соли 2012 дар маркази Душанбе Боғи парчами миллӣ бунёд гардид, ки онро парчами миллии Тоҷикистон оро медиҳад. Баландии сутунпояи он 165 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин дар шаҳру навоҳиҳо боғҳои парчам бунёд ба истифода дода шуда истодааст.

Ёдрас мешавем, ки ахиран Қарори раиси шаҳри Душанбе барои тасдиқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати шаҳри Душанбе оид ба таҷлили Рӯзи парчам ба тасвиб расид.

Бино бар иттилои манбаъ, қарори раиси шаҳр дар мавриди таҷлили Рӯзи парчам дар шаҳри Душанбе аст.

Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи замима тасдиқ карда шавад", - гуфта мешавад дар банди аввали қарори раиси шаҳр.

Мавзӯъҳои асосӣ