14:11 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Месенджер WhatsApp, архивное фото

Дар Петербург барои ҷалб ба гурӯҳи “ДОИШ” муҳоҷирро ба 7 соли зиндон маҳкум карданд

CC0 / Pexels
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
44 0 0

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия муҳоҷир аз Осиёи марказӣ дар шабакаи WhatsApp гурӯҳ ташкил намуда, дар он “ҷиҳод”-ро ташвиқ мекардааст

ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Дар шаҳри Санкт-Петербург муҳоҷир аз кишвари Осиёи Марказӣ барои ҷалби ҷавонон ба гурӯҳи террористии “ДОИШ” (мамнӯъ дар Русия) тариқи шабакаи WhatsApp  ба ҳафт соли зиндон маҳкум шуд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА Новости.

Тафтишот муайян намудааст, ки шаҳрванди мазкур бо номи Отабек Рустамов, ки шаҳрванди яке кишварҳои Осиёи Марказӣ будааст, дар соли 2015 дар шабакаи паёмрасони WhatsApp як гурӯҳ сохтааст, ки дар он бародари худ Азизбек, инчунин Айжигита Айматов, Шуҳрат Сатҷмбаев ва Искандар Нурбоевро дохил намудааст.

Дар гурӯҳ муҳоҷир ташвиқи “ҷиҳоди ҷаҳонӣ” бар зидди кофирон намуда, аз гурӯҳи “ДОИШ”-ро ҷонибдорӣ мекардааст.

Манбаъ таъкид намудааст, ки Рустамов ташвиқот мебурдааст ва ҷавононро ба пайвастан гурӯҳи “ДОИШ” даъват мекардааст.

Аммо дар додгоҳ Рустамов худро айбдор надонист.

"Новобаста аз он додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург ӯро ба ҳафт соли зиндон маҳкум кард”, - хабар додааст дафтари матбуоти додгоҳи шаҳри Петербург.

Барчаспҳо:
муҳоҷир, Санкт-Петербург, додгоҳ, маҳкум, Whatsapp, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ