13:53 16 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Генерал Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон (дар мобайн)

Кӣ киро мефурӯшад? Генерал дар бораи савдои одамон дар Тоҷикистон

сомонаи ВКД
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1789 0 0

Генерал Икром Умарзода, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 90 дарсади дастандаркорони савдои одамон, ки тайи даҳ моҳи соли равон боздошт шудаанд, занон мебошанд

ДУШАНБЕ, 2 дек — Sputnik. Икром Умарзода ҳафтаи равон зимни ҷаласаи парлумон гуфт, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ дар доираи парвандаҳои ҷиноятии марбут ба савдои одамон 49 нафар дастгир шуданд, ки аз ин 5 нафар мард ва 44 нафар зан мебошанд.

Иттилои Умарзода дар мавриди бештар зан будани савдогарони ин бозори ғайриқонунӣ дар ҳолест, ки қурбониён низ занон ва тифлон мебошанд.

“Қурбониёни савдои одамон 36 нафар зан ва 10 нафар тифл гардидаанд”, - изҳор дошт Умарзода дар посух ба саволи вакил Ҳилолбӣ Қурбонзода.

Умарзода ба вакилон тағйирот ба қонун “Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон” ва иловаҳо ба Кодекси ҷиноиро муаррифӣ кард, ки алайҳи савдогарон ва барои дастгирии қурбониён равона шудаанд.

Ӯ афзуд, бар асоси тағйироти нав,  додани мақоми қурбонии савдои одамон, ки то ҳол аз ҷониби Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамон дода мешуд, содда гардид.

“Дар таҳрири нав мақоми ҳуқуқии қурбонӣ ё ҷабрдидаи савдои одамон аз ҷониби яке аз субъектони бевоситаи муқовимат ба савдои одамон дода мешавад”, - изҳор дошт Умарзода.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйироти мазкурро қабул намуданд ва он баъди гузаштани расмиёти дигар мавриди амал қарор хоҳад гирифт.

Мавзӯъҳои асосӣ