11:28 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Город Душанбе, архивное фото

Тоҷикистон маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон таъсис медиҳад

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
151 0 0

Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон фаъолияти соҳибкориро содда намуда, метавонад ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва фаъолгардии фаъолияти иқтисоди беруна мусоидат намояд

ДУШАНБЕ, 3 дек — Sputnik.  Тоҷикисто тасмим гирифтааст маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон таъсис диҳад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Кумитаи сарсмоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, ахиран таҳти роҳбарии муовини Раиси Кумита Нигина Анварӣ дар бинои Кумита ҷаласа дар мавзӯи ташкили “Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон”, ки ҳадафи он муосирнамоии хизматрасониҳои давлатӣ мебошад, баргузор гардид. 

“Ҷаласаи мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии идоракунии давлатӣ, муосиргардонии хизматрасонии давлатӣ доир ба гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, бақайдгирии амволи ғайриманқул, амалиёти содироту воридот ва транзит, ҷараёни роҳандозии хизматрасониҳои электронии давлатӣ, ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатгузорӣ ва муосиргардонии махзани маълумоти мақомоти танзими давлатӣ ташкил карда шуд”, - таъкид намудааст манбаъ.

Дар ҷаласаи мазкур намояндагони Агентии омор, вазоратҳои корҳои дохилӣ, рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, кумитаҳои андоз, ҳифзи муҳити зист, бехатарии озуқаворӣ, меъморӣ ва сохтмон, Хадамоти гумрук, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии “Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масъулон иштирок намуданд. 

Манбаъ қайд намудааст, ки мақсад аз таъсиси Маркази ягона барои хизматрасонии соҳибкорону сармоягузорон ин дар фазои ягона муттамарказ намудани сохторҳои давлатии танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ буда, ҷузъи ҷудонашавандаи Ҳукумати электронӣ мебошад.

“Дар як вақт марказ фаъолияти соҳибкориро содда намуда, дар навбати худ метавонад ба ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва фаъолгардии фаъолияти иқтисоди беруна мусоидат намояд, ки ба нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таъсири мусбӣ дорад”, - афзудааст Кумитаи сармоягузорӣ.

Барчаспҳо:
Душанбе, иқтисод, марказ, Кумитаи сармоягузорӣ, соҳибкор, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ