11:52 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Посол Таджикистана в германии Сохибназар Гайратшо встретился с немецкими парламентариями

Аз иқтисод то муҳити зист: сафири Тоҷикистон дар Олмон бо вакилони Бундестаг мулоқот кард

© МИД РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
184 0 0

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо вакилони парлумони Олмон мулоқот намуда, сатҳи кунунии робитаҳои ду кишварро баррасӣ намуд

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik. Бино бар иттилои вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон, дар Бундестаг мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо Раиси Гурӯҳи байнипарлумонии Олмону Осиёи Марказӣ дар Бундестаги Олмон Манфред Грунд ва вакилони ин гурӯҳ баргузор гардид.

Манбаъ иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот дар баробари баррасии сатҳи кунунии робитаҳои Тоҷикистону Олмон, ҳамчунин таҳкими ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ, дар самти туризм ва муҳити зист, инчунин тақвияти ҳамоишҳои вакилони парлумони ҳар ду кишвар баррасӣ намуданд.

Тарафҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар ҳамкории зич барои муаррифии бештари зарфиятҳои иқтисодиву сайёҳии Тоҷикистон, ҳамчунин ҷалби таваҷҷуҳи созмонҳои байналмилалӣ ба паёмадҳои тағйирёбиии иқлим дар Осиёи Марказӣ иқдом намуда, бо баргузории ҳамоишҳои иқтисодӣ дар ҳавзаҳои вакилон, ворид сохтани Тоҷикистон ба барномаҳои ҳифзи муҳити зист ва табодули таҷриба миёни вакилони ҳар ду кишвар чораҳои мушаххас кор гиранд.

Барчаспҳо:
сафир, ҳамкорӣ, равобит, Олмон, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ