Ду ширкати русӣ барои содироти чӯбу тахта ба Тоҷикистон ҷазо дода мешаванд

© Sputnik / Константин Чалабов / Гузариш ба медиабонкТопор, архивное фото
Топор, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Мақомоти Хадамоти гумруки минтақаи Сибири Русия алайҳи ду ширкати воридкунандаи чӯб аз ин кишвар ба Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз кардааст

ДУШАНБЕ, 4 дек — Sputnik.Тибқи гузориши сомонаи Хадамоти гумруки минтақаи Сибири Русия нисбати се ширкате, ки ба содироти чӯбу тахта ба Тоҷикистону Афғонистон машғул буданд парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.

Дар гузориши мазкур номи ширкатҳо зикр нашуда аст, аммо гуфта шудааст, ки онҳо дар Тоҷикистон сабти ном шудаанд ва машғули воридоти чӯб аз вилояти Иркутски минтақаи Сибир Русия будаанд.

Инчунин, дар гузориши мазкур як ширкати дигаре низ ёд шуда аст, ки воридоти чӯб аз Русия ба кишвари Афғонистон машғул будааст. Ин ширкат дар Бритониё сабт шудаст.

Гуфта мешавад, иллати ифтитоҳи парванда алайҳи ин се ширкат пардохт накардани маблағи хариди чӯб аз сӯйи онҳо будааст. Кулли ин маблағ 587,3 ҳазор доллар баровард шудааст.

Лентаи хабарҳо
0