12:39 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Рустам Эмомали

Сипосгузории Рустам Эмомалӣ аз вазорат барои сохтмони майдончаи варзишӣ дар Душанбе

© Пресс-служба мэра города Душанбе
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
386 0 0

Раиси шаҳри Душанбе барои сохтмони майдончаи кӯдакона ва майдончаи варзишӣ дар маҳаллаи 103-уми шаҳри Душанбе изҳори миннатдорӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ барои сохтмони майдони варзишӣ аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон изҳори сипос кард, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, Ҳукумати шаҳри Душанбе ба унвони вазорат Сипоснома иросол карда, дар он раиси шаҳри Душанбе " ба аҳли фарҳанг барои иштироки фаъолона дар озмуни беҳтарин мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса, ташкилоти давлатӣ ва шахсони инфиродӣ оид ба сохтмони майдончаи варзишӣ, бунёди боғу гулгаштҳо дар ҳудуди шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни 27-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" изҳори сипос кардааст.

Гуфта мешавад, Вазорати фарҳанг пештар бахшида ба Рӯзи кӯдакон дар маҳаллаи 103-уми шаҳри Душанбе майдончаи варзишӣ ва кӯдакона бунёд карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ