23:34 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Табиб дар беморхона, акс аз бойгонӣ

То садҳо ҳазор ҷаримаю 12 соли ҳабс: қабули хости Президент барои ҷазои табибу сартарошҳо

© Sputnik / Константин Чалабов
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1058 0 0

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон тағйироти пешниҳодкардаи раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмонро ба кодексҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ қабул намуда, ҷазои доруфурӯшҳо, табибон, холкӯбҳо, сартарошҳо ва кормандони кошонаҳои ҳуснро барои нақзи меъёрҳои касбию санитарӣ пурзӯр намуд

ДУШАНБЕ, 5 дек — Sputnik. Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод, ки тибқи тағйирот ба Кодекси маъмурӣ, барои риоя накардани қоидаҳои муомилот бо доруворӣ ва иловаҳои хӯрокворӣ ҷарима аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва  барои шахсони мансабдор аз 150  то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар гардид.

Бар асоси тағйирот ба моддаи 210, замимаи 1-и  Кодекси ҷиноӣ,  барои воридоти ғайриқонунӣ, истеҳсол ва ба муомилот баровардани дорувории бесифат, қалбакӣ, муҳлаташ гузашта ба миқдори калон,  ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи  1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 2 то 5 сол таъин гардид.

“Дар қисми дуюми моддаи мазкур низ ҷарима  ду баробар зиёд карда шуда, аз ду  ҳазор то чор ҳазор  нишондиҳанда барои ҳисобҳоро ташкил медиҳад. Ҳамзамон ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, ки аз ду то панҷ солро ташкил медод, баланд бардошта шуда, акнун аз панҷ то ҳашт  солро дар бар мегирад”, - омадааст дар иттилоия.

Дар қисми сеюми моддаи зикршуда, низ ҷазо ба ҷои  аз панҷ то ҳашт соли маҳрум сохтан аз озодӣ, акнун аз ҳашт то дувоздаҳ соли зиндон муқаррар гардид.

Бар асоси тағйироти қабулшуда ба моддаи 129-и Кодекси ҷиноӣ, ҷазои табибон барои номатлуб иҷро намудани вазифаҳои касбӣ аз панҷ то ҳашт соли зиндон ва дар қисми сеюми моддаи мазкур,  аз ҳашт то дувоздаҳ соли маҳрумият аз озодӣ муқаррар шудааст.

Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон афзуд, ки тибқи тағйирот дар моддаи 207-и Кодекси ҷиноӣ, барои вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ, ки боиси расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, гирифторӣ ба вируси норасоии масунияти одам ё марги инсон гардидааст, ҷазо дар намуди аз панҷ то даҳ соли зиндон пешбинӣ гардидааст.

Манбаъ дар шарҳи зарурияти ин тағйирот изҳор дошт, ки вайрон намудани қоидаю меъёрҳои санитарию гигиенӣ ва зидди эпидемикӣ аз ҷониби кормандони баъзе соҳаҳои хизматрасон, аз ҷумла, сартарошҳо, кормандони кошонаҳои ҳусн, холкӯбҳо, "пирсинг" ва ғайра сабаби пайдо шудани бемориҳои зиёди сироятӣ мегардад.

Маҷлиси намояндагон таъкид намудааст, ки тағйироти воридкардашуда барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, бахусус ҳуқуқ ба ҳифзи саломатии шаҳрвандон равона гардидаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ