23:25 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Хлопушка, акс аз бойгонӣ

Савдои мамнӯи “хлопушка” дар Душанбе: боздошти ҷавонзану ноболиғон дар арафаи Соли нав

© Sputnik / Николай Хижняк
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
12110

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, кормандони милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ, сокинони 16 ва 17-солаи кӯчаи А.Ғуломов ва ҷавонзани 33-солаи сокини пойтахтро ҳамчун гумонбар дар муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ дастгир намуданд.

Манбаъ изҳор дошт, ки дар вақти азназаргузаронии хонаи истиқоматии зани боздоштшуда  19 ҳазору 250 дона маводи тарфгарии навъи  “хлопушка” дарёфт ва мусодира карда шуд.

ВУД афзуд, ки феълан тафтиши ин ҳодиса давом дорад.

Ҳамасола дар арафаи иди Соли нав мақомоти Тоҷикистон аз боздошти даҳҳо нафар ба иттиҳоми харидуфурӯши маводи тарфгарӣ иттиллоъ медиҳанд.

Дар Тоҷикистон шурӯъ аз соли 2008-ум инҷониб фурӯш, харид ва ворид кардани маводи тарфгарӣ ба қаламрави кишвар мамнӯъ шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ