22:32 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ҳангоми қабули техникаи партовтозакунии нав

Партовгоҳҳо тоза мешаванд: ба Хуҷанд 12 нақлиёти нави партовкашон ворид шуд

дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
169 0 0

Дар маросими ба истифодадиҳии нақлиётҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иштирок намуданд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Ба Хуҷанд 12 нақлиёти нави партовкашон ворид гардид, хабар медиҳад Ҳукумати шаҳр.

Бино бар иттилои манбаъ, нақлиёт дар доираи лоиҳаи «Идоракунии партовҳои сахти маишӣ»-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2-юм ворид гардид.

Дар маросими ба истифодадиҳии нақлиётҳо Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода иштирок намуданд.

"Раҷаббой Аҳмадзода аз роҳбарияти шаҳр ва Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии "Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ" даъват ба амал овард, ки барои боз ҳам тозаву обод намудани кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ҷаҳд намоянд. Пайваста бо мардум дар иртибот шуда, баҳри беҳтар намудани хизматрасонӣ ва вазъи экологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳо андешанд". - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар доираи лоиҳаи "Идоракунии партовҳои сахти маишӣ"-и шаҳри Хуҷанд, марҳилаи 2-юм ба Корхонаи воҳиди давлатии коммуналии "Хизматрасонии нақлиёти санитарӣ" харидории нақлиёти махсус ва механизмҳо, контейнерҳо ва лавозимотҳои корӣ, барқарор намудани нуқтаҳои ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ ва корҳои сохтмонӣ, харидории таҷҳизоти коркарди партовҳо ва васеъкунии майдони партовгоҳ пешбинӣ шудааст.

То охири соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи мазкур боз омадани 7 адад техникаи дигари партовкашонӣ пешбинӣ шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ