22:51 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Дар ВМКБ тантанаи идона бахшида ба Рӯзи таъсисёбии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД баргузор шуд

Ёдгор Файзов: сокинони ВМКБ аз кору муносибати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД розианд

© ВКД ҶТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
529 0 0

Раиси вилоят изҳор дошт, ки таъмини амнияти кишвар, махсус вилояти Бадахшон далели хизмати шабонарӯзии воҳидҳои таъминоти махсуси ВУД аст ва сокинони вилоят ва кору муносибати онҳо розиянд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Раиси вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов дар чорабинии идонае дар Раёсати ВКД дар ВМКБ изҳор дошт, ки сокинони Бадахшон аз фаъолияту муносибати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар вилоят розиянд.

Тавре Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, чанде пеш дар Хоруғ бахшида ба рӯзи таъсисёбии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД маросими идона баргузор гардид, ки дар он  нахустмуовини вазири умури дохила Аламшозода Абдураҳмон Аламшо, Ёдгор Файзов, муовини Раиси КДАМ генерал-майор Мирзоев Нусратулло, ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар ВМКБ, иштирок доштанд.

Бино бар иттилои манбаъ, Ёдгор Файзов дар ин чорабинӣ аз саҳми воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД дар амнияти Тоҷикистон, махсусан ВМКБ ёдрас шудааст.

"Ёдгор Файзов саҳм, нақш ва фаъолияти воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД бо эҳсоси ифтихору қаноатмандӣ сухан карда, қайд кард, ки воқеан ҳам таъмини тартибот ва амнияти имрӯзи кишвар, ба хусус Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, далели хизмати шабонарӯзии воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД аст, ки сокинони вилоят аз кору муносибат ва ҳисси баланди ватандӯстонаи онҳо розианд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар ҷараёни чорабинии ҷашнӣ бо фармони Вазири корҳои дохилӣ шумораи зиёди кормандон барои хизмати софдилона, содиқона, зоҳир намудани малакаи баланди касбӣ дар таъмину муҳофизати тартиботи ҷамъиятӣ, садоқат ба савганд бо медалу нишон, Раҳматнома, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо сарфароз гардиданд.
Инчунин, бо фармони Сардори РВКД дар ВМКБ 35-нафар кормандони воҳидҳои таъиноти махсус бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Мавзӯъҳои асосӣ