23:44 13 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.43
  • EUR10.73
  • RUB0.14
Концерт на фестивале атласа и адраса в Согдийской области

Суғд: ғолибони Ҷашнвораи "Атласу адраси Суғд - 2018" маълум шуданд

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
26 0 0

Фестивал дар чанд бахш доир шуда, довталабон намунаҳои либосҳои омодакардаи худро пешниҳод намуданд. Шоҳҷоиза ва 5 ҳазор сомониро тарроҳ аз шаҳри Хуҷанд Нилуфар Тоҷибоева соҳиб шудааст

ДУШАНБЕ, 7 дек — Sputnik. Дар вилояти Суғд ҷашнвораи "Атласу адраси Суғд - 2018" ҷамъбаст шуд, хабар медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Фестивал дар чанд бахш доир шуда, довталабон намунаҳои либосҳои омодакардаи худро пешниҳод намуданд. Шоҳҷоиза ва 5 ҳазор сомониро тарроҳ аз шаҳри Хуҷанд Нилуфар Тоҷибоева соҳиб шудааст.

Дар бахши "Беҳтарин либоси миллии арӯсию домодӣ" ҷои аввал насиби тарроҳ Абӯбакр Хоҷаахмедов аз шаҳри Панҷакент гардида, номинатсияи "Беҳтарин либоси кӯдакона" ба тарроҳ Малоҳат Набиева аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, "Беҳтарин либоси расмӣ"ба Гулҷаҳон Норчаева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва "Беҳтарин либоси идона" ба Орзугул Бердиева аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дода шуд.

Ёдовар мешавем, ки фестивали мазкур дар ду давр баргузор шуда, даври аввал дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ва даври дуюм дар маркази вилоят бо иштироки ғолибони даври аввал гузаронида шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ