12:07 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Жители Душанбе убирают снег после снегопада, архивное фото

Ҳавои номусоид: имрӯз бориши борону барф дар назар аст

© Sputnik / Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
154 0 0

Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбанда шуда, боридани борону барф дар назар аст

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik.  Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда, боридани борону барф   дар назар аст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз -1+4 то 0-5, рӯзона  1+6  ва дар шарқи ин вилоят шабона -14-19  ва рӯзона 0-5 дараҷа сард  мешавад.

Дар вилояти Суғд  ҳавои абрноки  тағйирёбанда шуда, дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борону барф  дар назар аст. Шамол аз самти ғарб 3-8    метр  дар як сония мевазад.  Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6  ва рӯзона  8+13  дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳавои абрноки  тағйирёбанда  шуда,  боридани борон ва дар баландиҳои 2200 м барф дар назар аст.  Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 ва рӯзона +10+15   дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрноки тағйирёбанда шуда,  дар водиҳо боридани борон ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ борону барф дар назар аст.  Ҳарорат шабона ба 2+7  ва рӯзона  ба  10+15  дараҷа  мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрноки тағйирёбанда   шуда, рӯзона боридани борон дар назар аст. Ҳарорат  шабона 5+7  ва рӯзона +12+14  дараҷа гарм мешавад.

Мавзӯъҳои асосӣ