Аз яке тилловориву доллар, аз дигаре телефону ҳазорҳо рубл: ошкоршавии силсиладуздӣ

© SputnikДеньги, архивное фото
Деньги, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар шаҳри Кӯлоб як қатор силсиладуздиҳо ошкор шуд. Милисаи шаҳр ба иттиҳоми дуздӣ ду ҷавони 22 ва 18-соларо боздошт карданд. Онҳо манзили чанд хонаводаро ғорат карда, аз яке тилловоруву маблағ ва аз дигаре телефону чанд ҳазор рубл рабудаанд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Кӯлоб як қатор силсиладуздӣ ошкор шуд.

Бино бар иттилои манбаъ, ба ШВКД дар шаҳри Кӯлоб зани 50-сола бо ариза муроҷиат намудааст, ки 24-уми октябри соли 2018, тахминан соати 10:00-дақиқа, шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз хонаи истиқоматиаш 200-доллари амрикоӣ, 750-сомонӣ ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 36.000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. 

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар шаҳрвандон; марди 22-солаи сокини ҳамин шаҳр, ки пеш бо моддаҳои 244 қисми 3 ва 249 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст ва ҷавони 18-сола ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд", - гуфта мешавд дар иттилои манбаъ.

Тафтишот муайян намудааст, ки худи онҳо 6-уми ноябри соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии марди 43-солаи сокини шаҳри Кӯлоб даромада, аз он ҷо 29.500-сомонӣ, 1300-доллари амрикоӣ, 16.000-рубли русӣ ва як адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг-Галакси 3”, ҷамъ ба маблағи 44.000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Нисбат ба ин далел парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот дар ин самт давом дорад.

Лентаи хабарҳо
0