11:27 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Председатель ГБАО Шодихон Джамшед , архивное фото

Нахустин машварати кории Шодихон Ҷамшед дар мақоми нав

© Пресс-служба президента РТ
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1133 0 0

Дар машварат роҳбарони Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сардорони шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе иштирок доштанд

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Вазорати тандурустии Тоҷикистон аз аввалин машварати кории мувини вазири тандурустӣ Шодихон Ҷамшед хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш муовини навтаъини соҳа бо иштироки  роҳбарони Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва сардорони шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе нишасти корӣ доир кардааст.

Гуфта мешавад, зимни нишасти корӣ масъулин аз самтҳои асосии фаъолияти худ дар 10 моҳи соли 2018 гузориш доданд.

Ҳамзамон, дар нишасти мазкур гузориши мухтасари сардорони шуъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии ВМКБ, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳри Душанбе шунида шуд.

"Қайд гардид, ки сатҳи маъюбӣ дар байни калонсолон нисбат ба соли гузашта коҳиш ёфтааст, вале аз зиёд шудани шумораи маъюбон дар байни кӯдакон ва навзодон изҳори нигаронӣ карда шуд", - омадааст дар итилои манбаъ.

Шодихон Ҷамшед ба масъулини соҳа  ба роҳ мондани таҳқиқу омӯзиши дурусти маъюбӣ супориш додааст.

Ёдрас мешавем, Шодихон Ҷамшед охирҳои моҳи октябр аз мақоми раиси ВМКБ барканор ва охирҳои моҳи ноябр ба мақоми муовини вазири тандурустии Тоҷикистон таъин шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ