05:45 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Лифофа бо маблағ, акс аз бойгонӣ

Боздошти муфаттиши калони ВУД аз сӯи Ожонси зидди фасод

© Sputnik
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
1380 0 0

Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти муфаттиши калони ВУД, майор Наврӯз Ҳакимов бо иттиҳоми порагирӣ хабар дод

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Тибқи иттилои Ожонс, Ҳакимов аз як шаҳрванди муттаҳам дар қаллобӣ, барои қатъи парванда 10 ҳазор сомонӣ пора талаб кардааст.

“Дар натиҷаи санҷиши аризаи шаҳрванд “А” муайян карда шуд, ки муфаттиши калони гурӯҳи тафтишотии Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар нақлиёти вилояти Суғд майори милитсия Ҳакимов Наврӯз Ғайратович барои қатъ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванд “А” бо моддаи 247 қисми 2 банди “в” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар пешбурдаш қарор дошт, аз охирин маблағи 10000 сомонӣ ба сифати пора талаб намудааст”, - омадааст дар иттилоияи Ожонс.

Манбаъ афзуд, ки Ҳакимов ҳангоми гирифтани 10000 сомонӣ пора аз шаҳрванд “А” боздошт гардида, айни ҳол тафтиши парвандаи ҷиноӣ алайҳи ӯ бо иттиҳоми порагирӣ идома дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ