10:37 19 марти 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Автомобильные номера в Таджикистане, архивное фото

БДА арзиши рақамҳои зебои силсилаи "SS"-01-ро эълом кард

© Sputnik Амир Исаев
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
2180 0 0

Бозрасии давлатии автомобилии Тоҷикистон аз эълони музояда барои фурӯши аломати сабти давлатии силсилаи "SS"-01 хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Бино ба иттилои равобити умумии ВКД ҶТ, музояда рӯзи 29 декабр дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.

"Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 29 декабри соли 2018 аломати сабти давлатии силсилаи "SS"-01 ба таври музояда фурӯхта мешаванд", — гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.

"Нархи як лот 630 сомонӣ аст", — омадааст дар иттилоия.

Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.

Рақамҳои зебо дар сафҳаи ВКД нашр шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ