23:21 21 феврали 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.72
  • RUB0.14
Сомон Эйр представила новую униформу для бортпроводников и пилотов

Доману шимҳо бо рамзи эҳё: роҳбаладону сарнишинони "Сомон Эйр" либоси нав пӯшиданд

© Пресс-служба "Сомон Эйр"
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
304 0 0

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои роҳбаладон ва сарнишинони ширкати либосҳои нав, ки тибқи тарроҳии махсус бо нақшҳои миллӣ омода шудаанд, пешниҳод намудааст

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik.  Бино бар иттилои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр”, либоси нави роҳбаладон ва сарнишинонашро муаррифӣ кард.

Акнун ранги либоси нави роҳбаладон қирмизӣ буда бо нақшҳои миллӣ омода шудаанд, пештар либосҳои роҳбаладон ранги марҷонӣ ва нилобӣ буд.

 “Ранги қирмизӣ чун ранги анор — рамзи эҳё интихоб шуда, бо риштаҳои тиллоӣ тасвир ёфтааст ва ба либоси роҳбаладон зебогии бештар мебахшад”, - гуфтааст манбаъ.

Инчунин сари роҳбаладонро кулоҳ оро медиҳад. Гарданпечи абрешимии шафтолуранг либоси хизматиро пурра намуда, гузариши маҳини як ранг ба ранги дигарро ба вуҷуд меорад.

Масъулини ширкат таъкид намудааст, ки либоси расмӣ ба бонувон имкон медиҳад, ки доман ё шимро интихоб кунанд. Нимтана ва куртаҳои сафеди мардона аз матои пахтагин дӯхта шудаанд.

  • Сомон Эйр представила новую униформу для бортпроводников и пилотов
    Сомон Эйр представила новую униформу для бортпроводников и пилотов
    Пресс-служба "Сомон Эйр"

1 / 3
Пресс-служба "Сомон Эйр"
Сомон Эйр представила новую униформу для бортпроводников и пилотов

Барои мардони роҳбалад либоси сиёҳ ва гарданбандҳои қирмизӣ интихоб шудаанд, то бо либоси занона мувофиқ бошанд.

Илова бар ин, ҳамаи роҳбаладони ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” соҳиби нишонаҳо шуданд, ки дар он номашон зикр гардидааст. Либоси расмии сарнишинон мукаммал шуда, ранги кабуди торикро нигоҳ доштааст.

Манбаъ хабар додааст, ки либосҳо аз ҷониби ширкати тоҷикии “Асри навин” махсус барои ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” омода шудаанд.

Ёдрас мешавем, ки дар ҳоли ҳозир ширкати “Сомон Эйр” парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Чин, Русия, Қазоқистон ва Узбакистон анҷом медиҳад.

Барчаспҳо:
либос, парвоз, ширкати ҳавоии "Сомон Эйр", роҳбалад, Сомон Эйр, Тоҷикистон

Мавзӯъҳои асосӣ