12:14 21 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.54
  • RUB0.15
На стройплощадке Рогунской ГЭС

Ҳукумат музди мудирияти "Роғун"-ро 50 дар сад боло бурд

Пресс-служба президента Таджикистана
Дар Тоҷикистон
Гирифтани линки кӯтоҳ
407 0 0

Музди мудирони нерӯгоҳи Роғун 50 дар сад боло бурда шудааст, аммо ба маоши сохтмончиён изофа нашудааст

ДУШАНБЕ, 12 дек — Sputnik. Ҳукумати Тоҷикистон ба музди кормандони мудирияти бакорандозии иншооти нерӯгоҳи Роғунро коэффитсенти вижа таъин кард.

Қарори вижаро Ҳукумати кишвар 30 ноябр ба тавсиб расонидааст.

Дар қарор гуфта мешавад, ки ба музди кормандони мудирияти иншооти бакорандозии Роғун 1,5 аз нишондоди музди меҳнат илова карда шавад.

Вазорати молия вазифадор гардидааст, ки то ба истифода додани ду агрегати аввали нерӯгоҳ ва агрегатҳои навбатӣ изофапулии таъингардидаро таъмин кунад.

Дар замимаи қарор музди мудирони нерӯгоҳ тавзеҳ дода мешавад.

Мувофиқи он, музди мудири нерӯгоҳи Роғун 4 ҳазору 600 сомониро ташкил медодааст, ки бо изофапулӣ 6 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин сармуҳандиси Роғун 4 ҳазору 148 сомонӣ ҳақ мегирифтааст, ки бо иловапулӣ 6 223 сомониро ташкил медиҳад.

Музди аз ҳама кам дар мудирияти Роғун ба челонгарони дараҷаи севум муайян шудааст, ки 892 сомонӣ будааст. Баъди қарори Ҳукумат онҳо 1 ҳазору 337 сомонӣ маош хоҳанд гирифт.

Мавзӯъҳои асосӣ